эҳтиёт

эҳтиёт
[احتياط]
а
1. оқибатандешӣ, кори бомулоҳиза, кори ботадбир, ботадбирӣ, ҳушёрӣ, пухтагӣ
2. пасандоз барои эҳтиёҷи муҳим, барои эҳтиёҷи номаълум нигоҳ доштани чизе
3. нигоҳбонӣ, муҳофизат; аз рӯи эҳтиёт мулоҳизакорона, барои пешгирӣ аз чизе, эҳтиётан, бо мулоҳизаи ноомади кор; барои эҳтиёт барои пешгирӣ аз пешомаде; эҳтиёт кардан а) ҳушёр шудан, барҳазар будан; б) нигоҳ доштан, муҳофизат кардан; в) нигоҳ доштан, захира кардан барои эҳтиёҷ ва рӯзи ноомад; эҳтиёт шудан хабардор шудан, ҳушёр будан

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем сделать НИР

Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»